We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.

Giới thiệu về Таърихи асрхои миена (синфи 6)

Таърихи асрхои миена (синфи 6)

Хонандагони азиз!

Шумо дар синфи 5 таърихи дунёи қадимро омӯхта, дар бораи

халқу давлатҳои он замон маълумоти пурқимат ба даст овардед.

Ин донишҳо ба шумо барои фаҳмидани таърихи асрхои миёна, ки

омӯзиши онро оғоз менамоед, кумак мерасонанд.

Китоби дарсии таърихи асрҳои миёна, ки шумо дар даст доред,

аз оғози асри III то нимаи дуюми асри ХУ-ро дар бар гирифта,

яке аз марҳалаҳои муҳимтарини таърихи башарро инъикос

менамояд. Дар ин китоб бо халқу давлатҳое вомехӯред, ки нисбат

ба халқу давлатҳои дунёи қадим дар марҳалаи баландтари пешрафт

қарор доштанд.

Давлатҳои асримиёнагиро феодалӣ - мулкдорӣ ном мебаранд,

чунки дар онҳо ҳокимияти подшоҳӣ, королӣ, императорӣ

ва ё султонии меросию мутлақ буда, ашрофон соҳибони асосии

замину дороии дигар буданд. Сохти феодалӣ дар ҳар як давлати

асримиёнагӣ, ғайр аз нишонаҳои умумӣ, хусусиятҳои хоси худро

дошт, ки ба онҳо ҳангоми омӯзиши китоби дарсӣ шинос мешавед.

Дар ин қисмати таърихи умумӣ ба давлатҳои машҳури асрҳои

миёна диққати калон дода шудааст. Онҳо симои воқеии ин давраро

муайян намудаанд. Дар байни онҳо Сосониён, Ҳайтолиён,

Хоқонии Турк, давлати Франк, империяи Карли Кабир, империяи

Византия, Хилофати Араб, Сомониён, давлатҳои Чин,

Х,индустон, Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот,

империяи Муғул, Фаронса, Англия, Олмон, Русия, империяи Темуриён,

Сафавиёни Эрон, Султонии Туркҳои Усмонӣ, Темуриёни

Ҳинд ва давлатҳои Амрико ҳастанд.

Дар китоби дарсӣ ба шумо оид ба муносибатҳои

байниҳамдигарии давлатҳои асримиёнагй, идораи давлат,

масъалаҳои ҷанг ва сулҳ, рушди кишоварзӣ, касбу хунар, тиҷорат,

ба вуҷуд омадани олоти нави меҳнат, корхонахо ва пешрафти

илму фарҳанг маводи фаровон пешниҳод карда шудааст.

Хуллас, таърихи асрҳои миёнаро омӯхта, шумо аз он

ҷиҳатҳои гуногуни ҷомеаи асри миёнаро дарёфта, донишу малака

ва ҷаҳонбинии худро васеъ хоҳед кард.

Có gì mới trong phiên bản mới nhất 1.0

Last updated on Jul 2, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Đang tải bản dịch ...

Thông tin thêm Ứng dụng

Phiên bản mới nhất

Yêu cầu cập nhật Таърихи асрхои миена (синфи 6) 1.0

Yêu cầu Android

4.0 and up

Hiển thị nhiều hơn

Таърихи асрхои миена (синфи 6) Ảnh chụp màn hình

Đăng ký APKPure
Hãy là người đầu tiên có quyền truy cập vào bản phát hành, tin tức và hướng dẫn sớm của các trò chơi và ứng dụng Android tốt nhất.
Không, cám ơn
Đăng ký
Đăng ký thành công!
Bây giờ bạn đã đăng ký APKPure.
Đăng ký APKPure
Hãy là người đầu tiên có quyền truy cập vào bản phát hành, tin tức và hướng dẫn sớm của các trò chơi và ứng dụng Android tốt nhất.
Không, cám ơn
Đăng ký
Thành công!
Bây giờ bạn đã đăng ký nhận bản tin của chúng tôi.