사용자 환경을 개선하기 위해 이 웹 사이트의 쿠키 및 기타 기술을 사용합니다.
이 페이지의 링크를 클릭하면 당사의 개인 정보 보호 정책쿠키 정책에 동의하는 것입니다.
동의함 더 알아보기

Санъати тасвири (синфи 7) 정보

San'ati Tasviriy (Xingfu 7)

Санъати тасвирии халқҳои ҷаҳон роҳи душвору тӯлониро тай

намудааст. Он баробари нахустин ҷамъияти инсонӣ пайдо гашта,

дар ҳамбастагӣ бо он ташаккул ва ривоҷ ёфтааст. Аз оғози пайдоиши

худ инсоният маҳз ба воситаи меҳнат, ривоҷи истеҳсолот

ва маданият, мубодилаи байниҳамдигарӣ, дониш ва таҷрибаҳои

амалӣ ба пешрафт ноил гардидааст. Ҳамкорӣ дар роҳи пешрафт

ба инкишоф ва омезиши маданияту санъати тасвирӣ мусоидат

менамуд. Ба ин маънӣ, санъати Юнони Қадим, санъати Шарқ,

ки дар худ беҳтарин офаридаҳои мардуми Ҳиндустон, Эрон,

Чин, Осиёи Миёна, Порт ва Юнонро омехтааст, дорои арзишҳои

байналмилалӣ мебошад.

Санъати Юнони Қадим бо таърихи ғанию рангини худ

дар сар то сари ҷаҳон маълум аст. Дар сарзамини Юнон, ки бо

манзараҳои зебову рангини водиҳову кӯҳсораш машҳур буд, аз

замонҳои қадим мардони ҳунарманду эҷодкор зиндагӣ карда, он

маданияти ғанӣ ва рангинро ба вуҷуд оварданд, ки ба ганҷинаи

маданияту санъати ҷаҳон дохил шуданд. Аввалин ибодатхонаҳо,

қасрҳо ва дигар осори меъмории Юнони Қадим асрҳои У-1У-и пеш

аз мелод бунёд гардидаанд. Қасри Гера ва Афина то имрӯз ҳам

бо оройиши хосси худ мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар мебошанд.

Юнониҳо дар оройиши қасру ибодатхонаҳо ҳайкалтароширо

фаровон истифода намудаанд. Дар оройиши биноҳо мавзӯъҳои

гуногуни қиссаву ривоятҳо ва корномаҳои қаҳрамонони Юнон

Геракл ва Персей тасвир ёфтаанд. Дар охири асри У-и пеш

аз мелод тарзи нави оройиши рангаи зарфҳо (табақ, кӯза ва

ғайраҳо) хеле авҷ гирифт. Асрҳои У-1У-И пеш аз мелод маданияти

Юнони Қадим ба қуллаи баландтарини худ расид. Дар ин давра

муваффақиятҳос дар соҳаи санъату адабиёт ва меъморӣ ба даст

омаданд, ки он давраи пави классикии намунавӣ ҳисоб меёбад.

Рассомон ва ҳайкалтарошони зиёде дар Юнон фаъолияти эҷодӣ

менамуданд, лекин дар байни онҳо аз ҷиҳати эҷодкорӣ Мирон,

Поликлет ва Фидӣ нақши арзандатар доштанд. Мирон яке

3

Расми 1. Мирон. Чеҳраи Дискандоз

аз эҷодкорони фаъоли замони худ ба шумор мерафт. Вай дар

асарҳояш образи мардони шуҷоъу далер ва боғайратро таҷассум

намудааст. Хусусан, он дар асари «Дискандоз» ниҳоят образнок

ва равшану пурмазмун тасвир шудааст (Расми 1).

Дар натиҷаи муборизаҳои таърихӣ дар ин сарзамин бисёр

дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд. Давраи ҳукмронии Искандари

Макдунӣ номи нав - давраи эллинизмро гирифт. Санъати давраи

эллинизм нафақат дар сарзамини Юнон, балки дар сар то сари

Миср, Осиёи Марказӣ ва қисми шимоли Баҳри Сиёҳ паҳн шуда

буд.

Бисёр асарҳои офаридашудаи давраи эллинизм нозукию зебоии

хосси симои антиқии гузаштагони юнониҳоро нигоҳ доиггаанд.

최신 버전 1.0의 새로운 기능

Last updated on Jul 9, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

번역 로드 중...

추가 앱 정보

최신 버전

Санъати тасвири (синфи 7) 업데이트 요청 1.0

필요한 Android 버전

4.0 and up

더 보기

Санъати тасвири (синфи 7) 스크린 샷

APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공적으로 구독!
당신은 이제 APKPure에 가입되었습니다.
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공!
당신은 이제 우리의 뉴스 레터를 구독하고 있습니다.