사용자 환경을 개선하기 위해 이 웹 사이트의 쿠키 및 기타 기술을 사용합니다.
이 페이지의 링크를 클릭하면 당사의 개인 정보 보호 정책쿠키 정책에 동의하는 것입니다.
동의함 더 알아보기

Адабиети точик (синфи 8) 정보

Adabieti tojik (Xingfu 8)

Дарсе, ки шумо, шогирдони гиромӣ, ба омӯхтани он огоз намудед,

«Адабиёти тоҷик» ном дорад. Ин мафҳум ба он маънй аст,

ки адабиёте, ки дар ҷараёни ин дарс бароятон сабақ дода мсшавад,

аз они тоҷикон буда, аз тарафи онҳо офарида шудааст.

Адабиёти тоҷик аз ҷумлаи қадимтарин адабиёти мардумони

рӯйи дунё ба шумор меравад ва таърихи беш аз сеҳазорсола дорад.

Рубоии зерини шоири муосири тоҷик Лоиқ Шералй ишора

ба ҳамин қадимй будани адабиёти тоҷик аст:

Эй Шарқ, ту ибтидои лавҳу қаламӣ,

Дарвозаи офтоби зарриналамӣ.

Албурз, туӣ обидаи Фирдавсӣ,

Ё минбари шеъру шоирони Аҷамӣ.

Вале аз сабаби он ки дар эҷоди ин адабиёт ғайр аз тоҷикони

Варорӯд, ки онро арабҳо Мовароуннаҳр низ гуфтаанд, қавмҳои

дигари эронй дар Хуросон ва Порс саҳм гирифта буданд,

устод Садриддин Айнӣ ва тартибдиҳандагону муҳаррирони

«Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) барои барқарор намудани

адолати таърихй ва таъкиди муштарак будани он барои

қавмҳои эронй ба кор бурдани истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик»-

ро пешниҳод карданд ва ин истилоҳ пас аз ин дар адабиётшиносии

тоҷик, шарқшиносии шӯравӣ ва баъзе аз кишварҳои ғарбӣ ва

шарқӣ маъмул гашт.

Истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» дар солҳои 20 ва 30 асри

XX пайдо шуда, ангезаи сиёсӣ дошт. Он вақт таъйиноти ҳудуди

миллй дар Осиёи Миёна шурӯъ гардида буд. Дар арафа ва

ҷараёни ин маъракаи сарнавиштсоз дар минтақа гурӯҳҳои сиёсй

ва шахсиятҳое пайдо шуда буданд, ки мавҷудияти қавми тоҷик ва

ҳуқуқи онро ба адабиёти беш аз ҳазорсолааш инкор мекарданд.

Устод С.Айнӣ бо таълифи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»

(1926) ва дар он ҳадафмандона гирдоварй намудани мероси адибони

тоҷики мовароуннаҳрӣ - аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Пайрав

Сулаймонӣ ба исбот расонид, ки дар ин сарзамин аз қадим

«як қавми муаззам (бузург) бо номи тоҷик ё ки тозик» зиндагӣ

дошта, яке аз офаринандагони адабиёте мебошад, ки онро «адабиёти

фореӣ» меноманд.

Аз ибтидои пайдоиш то ба имрӯз адабиёти тоҷик марҳалаҳои

гуногунро сипарӣ намудааст: адабиёти давраи қадим, асрҳои миёна,

давраи нав ва замони муосир. Ҳар яке аз ин марҳалаҳо дар

навбати худ ба чанд марҳалаҳои хурдтаре тақсим мешаванд. Барои

мисол, адабиёти тоҷик дар асрҳои миёна аз адабиёти арабизабон

(а. VIII ва IX)'; адабиёти порсии дарӣ дар асрҳои 1Х-Х ва

нимаи аввали асри XI; дар нимаи дувуми асри Х1-ХИ; дар асрҳои

Х1И-Х1У; дар асри XV; дар охирҳои асрҳои миёна (а. XVI- XIX)

иборат мебошад.

Давраҳои инкишофи адабиёт ҳамчун як шохаи ҷудогонаи

ҳунарҳои зебо аз якдигар аз нигоҳи чигунагии муҳтавои гоявй ва

шакли бозтоби ҳунарии он: мавзӯъ, мазмун, дарунмоя, воситаҳои

тасвир, воситаҳои баён, тарзи офариниши гавсирҳои бадеӣ ва

шахсиятҳои адабӣ, сабк ва усули офариниш фарқ мекунад. Ҳамаи

дигаргуниҳо дар муҳтавои гоявӣ ва шакли бозтоби ҳунарӣ дар

адабиёт аз дигаргунӣ дар диди эстетикӣ (биниши ҳунарии) адибони

давраи муайян, яъне аз дигаргунӣ дар тарз ва тариқи дарки

бадеии инсон, ҷомеа ва табиат, воқеиятҳои айнӣ ва зеҳнӣ сарчашма

мегирад. Чунончи, барои адабиёти Давраи қадим тафаккури

асотирӣ, афсонавй, ривоятӣ ва омехта (синкретй) ва барои адабиёти

Асрҳои миёна андешаи ормонгароёна ва қолибгароёна хос

мебошад. Агар адибони Давраи қадим зиндагиро дар тасвирҳои

асотирӣ, афсонавй ва ривоятии омехта бо тасаввуроти динӣ бозтоб

диханд, шоирону нависандагони Асрҳои миёна онро дар

қолабҳои муайян ва такрорӣ бо обу рангҳои ормонй тасвир менамоянд.

Нукгаи дигар дар заминаи дарси “Адабиёти тоҷик” ин аст, ки

азбаски он ба истиснои давраи кадим ва марҳалаи оғози ташаккули

он дар асрҳои миёна, дигар дар ҳамаи давраҳои баъдй ба забони

форсии нав - порсии дарӣ навишта шудааст, онро маъмулан

бо номҳои “адабиёти форсй” ё “адабиёти форсии дарй” ё “адабиёти

форсии тоҷикй” ё “адабиёти тоҷикӣ” зикр менамоянд. Ҳамаи

ин истилоҳҳо дар замони мо ҳаққи истифода доранд. Аммо мо

бештар аз истилохи “адабиёти форсии тоҷикй”, ки вақтҳои охир

дар мавриди ин адабиёт, махсусан дар нисбати асрҳои миёнаи он

ба кор бурда мешавад, истифода хоҳем кард.

최신 버전 1.0의 새로운 기능

Last updated on Jul 16, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

번역 로드 중...

추가 앱 정보

최신 버전

Адабиети точик (синфи 8) 업데이트 요청 1.0

업로드한 사람

Naing Thet Oo

필요한 Android 버전

Android 4.0+

더 보기

Адабиети точик (синфи 8) 스크린 샷

언어
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공적으로 구독!
당신은 이제 APKPure에 가입되었습니다.
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공!
당신은 이제 우리의 뉴스 레터를 구독하고 있습니다.