사용자 환경을 개선하기 위해 이 웹 사이트의 쿠키 및 기타 기술을 사용합니다.
이 페이지의 링크를 클릭하면 당사의 개인 정보 보호 정책쿠키 정책에 동의하는 것입니다.
동의함 더 알아보기

Асосхои интихоби касб (синфи 10-11) 정보

Asoskhoi intihobi kasb (Xingfu 10-11)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти касбиро ба

сифати яке аз ҷузъҳои муҳими низоми маориф арзёбй мекунад,

ки он иқтисодиёти миллиро бо мутахассисони баландихтисоси

коргарӣ таъмин карда, дар рушди иҷтимоию

иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии

шаҳрвандони он саҳми арзанда мегузорад.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

дар Паёми худ ба Маҷлиси Олй таъкид кардаанд: «Дар хотир

бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли

соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро

ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми

арзандаи худро пайдо кунад».

Омода кардани кадрҳои коргарӣ масъалаи муҳим буда,

заминаи он аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оғоз мешавад.

Назрасону ҷавонон бояд донанд, ки дар дунё беш аз 50 ҳазор

касби гуногун мавҷуд аст. Баробари тараққиёти босуръати

илму техника, иқтисоди бозаргонӣ, талаботи бозори

кор ва пешравии ҷомеа теъдоди касб рӯз аз рӯз зиёд шуда,

гуногунии касб ва пайдоиши талаботи бозори истеҳсолӣ ва

касбии муосир ҷавононро ба худ ҷалб намуда, интихоби он

мутахассисони ояндаро ба меҳру садоқат, малакавумаҳорат

ҳидоят мекунад. Дар ин маврид савол ба миён меояд, ки оё

интихоби касб дар байни ҷавонон аз рӯйи хоҳиш ва қобилияташон

ба роҳ монда шудааст? Оё ҷавонон қобилияти интихоби

дурусти касбро доранд? Барои ба ин саволҳо ҷавоб

пайдо кардан муҳим аст, ки аз овони наврасӣ дар бораи

касбу ҳунар маълумот пайдо кунем. Зеро интихоби касб масъалаи

муҳим ва зарури ҳаётӣ буда, зери назари тавсияҳои

омӯзгорон ва калонсолон рушд меёбад. Маҳз, омӯзгор метавонад

майлу хоҳиш, қобилият ва шавқу ҳаваси хонандаро

ба инобат гирифта, дар қалби ӯ нисбат ба касби дӯстдоштааш

меҳру муҳаббатро бедор кунад. Бо ин мақсад бояд

дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гӯшаҳои интихоби касб бо

унвони «Ҳамаи касбҳо муҳиманд», «Касби ман - ифтихори

ман», «Кӣ шудан мехоҳй?» ва ғайра ташкил карда шуда, бо

кормандони соҳаҳои гуногун мунтазам вохӯриву суҳбат гузаронида

шавад.

Ҷавонон дар интихоби касб ба иштибоҳу шитобкорӣ

бояд роҳ надиҳанд. Онҳо бояд касберо интихоб кунанд, ки

ба дониш, шавқу рағбат ва маҳораташон мувофиқ бошад.

Вазорати маориф ва илми ҶТ, бо мақсади дуруст ба роҳ

мондани машварати касбӣ, дар байни наврасону ҷавонон

тасмим гирифтааст, ки китоби мазкурро дар асоси таҳлили

вазъи бозори меҳнат омода кунад, зеро пешравии илму техника,

рушди бемайлони муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ

тарзу усулҳои муосири корбарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори

кор (меҳнат)-ро талаб мекунад. Ба роҳ мондани омӯзиши

4

касбҳои гуногун дар марказҳои таълимй, муассисаҳои таҳсилоти

ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ тибқи талаботи бозори

меҳнат мувофиқи мақсад аст. Дар ҷумҳурӣ ҷавонони

боҳунари худомӯз кам нестанд, вале таҳсилот ва шаҳодатномаи

касбй дар бозори муосири кор муаррифномаи мутахассис

мебошад. Аз ин рӯ, гирифтани таҳсилоти тахассусӣ дар

пешбурди фаъолияти кории шумо нақши калон дорад.

Айни замон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои

беҳтаргардонии пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимй

бо таъмини технология ва таҷҳизотимуосир, муҷаҳҳаз

гардонидани озмоишгоҳҳо, кабинетҳои таълимй, инчунин

омода кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат

чораҳои мушаххас меандешад. Аз ин рӯ, наврасону ҷавонони

болаёқат метавонанд, ки дар корҳои илмию тадқиқотӣ

шуғл варзида, ҳаёти худро ба корҳои илмию омӯзишии

соҳаҳои мухталиф равона созанд.

Умед дорем, ки ин китоб ба шумо бо ёрии омӯзгорон, падару

модар ва калонсолон дар интихоби касб ва тахассусатон

ҳамчун роҳнамо кӯмак мерасонад.

최신 버전 1.0의 새로운 기능

Last updated on Sep 2, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

번역 로드 중...

추가 앱 정보

최신 버전

Асосхои интихоби касб (синфи 10-11) 업데이트 요청 1.0

업로드한 사람

Hieu Doxuan

필요한 Android 버전

Android 4.0+

더 보기

Асосхои интихоби касб (синфи 10-11) 스크린 샷

언어
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공적으로 구독!
당신은 이제 APKPure에 가입되었습니다.
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공!
당신은 이제 우리의 뉴스 레터를 구독하고 있습니다.