We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.

Giới thiệu về ИҶОБАТИ ДУЪО (дуо) ДАР КУШОИШИ КОРҲО

ICHOBATI DUO DAR KUSHOISHI Korkhov TOJIK (bộ đôi Baro kushoish Hàn Quốc)

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Дуохои муборак (дуои муборак)

Иҷобати дуо дар кушоиши корҳо

Эй ахӣ, даст аз дуо кардан мадор,

Бо қабулу радди ӯят чист кор?

дуоҳои муборак , дуоҳо , дуохо дуо тоҷик тоҷикӣ китоб китоби тоҷикӣ китобҳои тоҷикӣ китобҳо 500 ҳадис Таджикистан таджикские барнома Тоҷикистон

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

АҲАМИЯТИ ДУЪО ВА ОДОБИ ОН

Алҳамду лиллоҳи раббил-ъоламин, вал-ъоқибату

лил-муттақин, вас-салоту вас-салому ъало ашрафил-анбиёи вал-мурсалина ва хотаман-набийина ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи аҷ маъин. Аммо баъд, инсон мавҷудест, ки беш аз ҳар мавҷуди дигар ниёзҳ ое дорад, агарчи ниёзҳои воқеъии инсон баъд аз марг оғоз мешавад. Аммо дар ин дунёи мухтасар ва зиндагонӣ низ ниёзҳои як инсон аз ҳар мавҷуди дигаре ба маротиби бештар аст. Ҷолиб ин ҷост, ки бисёре аз ниёзҳо чунонанд, ки худи инсон на танҳо онҳоро эҳсос намекунад, балки нисбат ба он асло илм надорад. Аммо Парвардигори меҳрубон ва бузург ба лутфу бузургии худ бидуни эҳсос, ё хостаи инсон ҳ амаи он ниёзҳоро бароварда ва таъмин месозад. 9 бо вуҷуди лутфу меҳрубониаш порае аз ниёзҳои инсонро тавре қарор дода, ки инсон нисбат ба он илм дорад ва эҳсос мекунад. Ин бад-он ҷи ҳат аст, ки то инсон худро ниёзманди Парвардигор бидонад ва рафъи ин ниёзҳо аз Худованди мутаъол савол намояд, дасти гадоиро ба сӯи Худованди ғанӣ ва бениёз дароз кунад. Худованди мутаъол мехоҳад аз ин тариқ ҳам ниёзҳои бандаро бароварда кунад ва ' ҳам дараҷоти ӯро баланд намуда ва ӯро ба мақоми қурб ноил созад. Савол кардани банда ва изҳори ниёзҳои ӯро назди Парвардигор дуъо мегӯянд.

Худованди мутаъол бандагонашро дастур медиҳад, ки дар ҳар ҳол аз ӯ савол намоянд ва мефармояд, ки: «Маро бихонед, дуъои шуморо иҷобат кунам».

Ва ҳамчунин Расули гиромӣ (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ҳадисҳои бисёре дар бораи аҳамияту фазилати дуъо баён кардааст. Чунонки мефармояд:

Дуъо дар воқеъ асли ибодат аст.

Касе, ки дарвозаи дуъо барои ӯ кушода шуд, гӯё дарвозаи иҷобат ба вай кушода гашт.

Назди Парвардигор ҳеҷ амале гиромитар аз дуъо нест.

Дуъо аслиҳаи мӯъмин ва сутуни дин ва равшании осмонҳову замин аст.

Рӯзе Расули Акрам (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) аз канори гурӯҳе, ки мубталои мусибат буданд гузар кард, он гоҳ фармуд: Чаро инҳо аз Аллоҳ таъоло офият намехоҳанд?

Он Ҳазрат (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд: Эй мардум, дар дуъо кардан кӯтоҳӣ накунед, зеро дар сурати дуъо касе ҳалок намешавад.

Ба ҳамин далел дар тӯли таърихи башарӣ бандагони хоси Худованд беш аз ҳар чиз ба дуъову тазаррӯъ аҳамияти қоил будаанд. Худованди мутаъол дар Қуръони Маҷ ид дар бораи анбиё (ъалай ҳимус-салом) мефармояд: «Онҳо дар анҷоми некиҳо шитоб мекарданд ва моро бо умеду бим мехонанд ва барои мо фурӯтан буданд». Ба ҳамин далел Худованди мутаъол муқаррабонро беш аз дигарон мубталои мусибату мушкилот мекунад, то онҳо бештар шикаста шаванд ва ба сӯи Худо мутаваҷҷеҳ гарданд. Байт:

Халқро бо ту чунон бадхӯ кунанд,

То туро ночор рӯ он сӯ кунанд.

Беҳтарин роҳи мубориза бо мушкилоту масоиб тавбаву истиғфор аз гуноҳон ва дуъову тазаррӯъ дар боргоҳи Ҳақ аст. Байт:

Ту дуъоро сахт гиру мешугул,

Оқибат бирҳонадат аз дасти гул.

Ҳар гоҳ тавфиқ и дуъо ёфтем, бидонем ки кӯмак ва ёрии Парвардигор ҳатман шомили ҳоли мо хоҳад гашт. Байт:

Чун Худо хоҳад, ки м-он ёрӣ кунад,

Майли моро ҷониби зорӣ кунад.

Ва ҳар гоҳ тавфиқи дуъо камтар ҳ осил шуд, бидонем ки балову мусибат дар камин аст. Ва дуъо қабл аз омадани бало бояд кард. Чун бало нозил мешавад, дуъо аз поён боло меравад ва ҳар ду дар ҳаво як ҷо рӯ ба рӯ мешаванд, агар дуъоро қуввате бошад балоро бигардонад ва агарна бало фуруд ояд. Ва баъд аз нузули бало ҳ ам дуъо бояд кард, агарчи бало дафъ нашавад, аммо сахтии бало кам шавад.

Он, ки хоҳӣ, к-аз гамаш хаста кунӣ,

Роҳи зорӣ бар дилаш баста кунӣ.

То фуруд ояд бало бедофеъе,

Чун набошад аз тазаррӯъ шофеъе.

В-он, ки хоҳӣ, к-аз балоаш вохарӣ,

Ҷони ӯро дар тазаррӯъ оварӣ.

Có gì mới trong phiên bản mới nhất 12

Last updated on Oct 4, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Đang tải bản dịch ...

Thông tin thêm Ứng dụng

Phiên bản mới nhất

Yêu cầu cập nhật ИҶОБАТИ ДУЪО (дуо) ДАР КУШОИШИ КОРҲО 12

Được tải lên bởi

Nilton Maia

Yêu cầu Android

Android 4.1+

Hiển thị nhiều hơn

ИҶОБАТИ ДУЪО (дуо) ДАР КУШОИШИ КОРҲО Ảnh chụp màn hình

Ngôn ngữ
Đăng ký APKPure
Hãy là người đầu tiên có quyền truy cập vào bản phát hành, tin tức và hướng dẫn sớm của các trò chơi và ứng dụng Android tốt nhất.
Không, cám ơn
Đăng ký
Đăng ký thành công!
Bây giờ bạn đã đăng ký APKPure.
Đăng ký APKPure
Hãy là người đầu tiên có quyền truy cập vào bản phát hành, tin tức và hướng dẫn sớm của các trò chơi và ứng dụng Android tốt nhất.
Không, cám ơn
Đăng ký
Thành công!
Bây giờ bạn đã đăng ký nhận bản tin của chúng tôi.