ہم آپ کے صارف کے تجربے کو بہتر بنانے کے لیے اس ویب سائٹ پر کوکیز اور دیگر ٹیکنالوجیز کا استعمال کرتے ہیں۔
اس صفحے پر کسی بھی لنک پر کلک کرکے آپ ہماری رازداری کی پالیسی اور کوکیز پالیسی پر متفق ہو رہے ہیں۔
ٹھیک ہے میں متفق ہوں مزید جانیں

About 18 байти маснавӣ

18 байти маснавӣ

Шарти ҳаводориимо шаӣдоиву шӯридагист,

Гар ёри мо хоҳӣ шудан, шӯридаву шайдо биё

(Шахриёр).

Дар адабиёти форсу тоҷик шарҳнигорӣ аз анъаноти қадима мебошад. Зоҳиран ба он хотир осори бузургонро шарҳ мекунанд, ки маъние аз он кашф кунанд ва ба дигарон пешкаш намоянд. Аммо бояд иброз дошт, ки инсон то воқеан ахди дил нашавад ва аз зоҳири калом. ки чун паймона аст, дарнагузараду ҷӯёи мағзу ҳикмати калом нагардад, аз бардошти маънӣ бенасиб мемонад. Махсусан ин шеваро дар “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ бояд ба кор бурд, зеро худи Мавлоно ҷое мефармояд:

Ё ту пиндорӣ, ки ҳарфи Маснавӣ Чун бихонӣ, ройгонаш бишнавӣ. ...Андарояд, лек чун афсонаҳо Пӯст бикмояд, на магзи донаҳо.

Умуман осори Мавлоно ва хусусан "'Маснавӣ.У-и ӯ шоҳкитоби ирфонии ҷаҳонӣ ва махсусан адабиёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад, ки тӯли садсолаҳост садояш дар шарқу ғарбу шимолу ҷануби ин кураи хокӣ танинандоз аст ва чун баҳри пурдурру беканорест, ки ҳар ғаввосе дар он равад, аз дурру гуҳараш баҳравар хоҳад гашт. “Маснавӣ...” гулеро мемонад, ки солҳост дар ишқи он ҳазорон ҳазордастон нағмасароӣ мекунанд. Аз даврони Мавлавӣ то кунун шуруҳи зиёде бар “Маснавӣ...” ва махсусан бахши найномаи он навишта шудааст, ки воқеан шореҳони онҳо доди маъниро додаанд. Шарҳи манзуми мазкурро низ метавон аз шарҳҳои арзшинок донист.

Бояд гуфт ки нахуст лозим аст аз зоҳири калом гузашт ва ба жарфи калом рафту аз он сирри мактум огоҳ гардид, чунки то ба он ишқ ва мастию шӯри Мавлоно нарасем, ҳаргиз моро муяссар нагардад, ки маонии аслии он маълум намоем, чунон ки худи Мавлоно мефармояд:

Рафиқон, чашм аз ин зоҳир бидӯзед,

Ки моро дар миён сиррест мактум.

Ҳама олам гар ин сурат бубинанд,

Кас он маънӣ нахоҳад кард маълум.

میں نیا کیا ہے 1.0 تازہ ترین ورژن

Last updated on May 19, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

ترجمہ لوڈ ہو رہا ہے...

معلومات ایپ اضافی

تازہ ترین ورژن

18 байти маснавӣ اپ ڈیٹ کی درخواست کریں 1.0

اپ لوڈ کردہ

Essam Siyam

Android درکار ہے

Android 4.0+

مزید دکھائیں

18 байти маснавӣ اسکرین شاٹس

زبانیں
APKPure کو سبسکرائب کریں
ابتدائی ریلیز ، خبروں ، اور بہترین اینڈروئیڈ گیمز اور ایپس کے رہنماؤں تک رسائی حاصل کرنے والے پہلے بنیں۔
نہیں شکریہ
سائن اپ
کامیابی کے ساتھ سبسکرائب!
اب آپ کو اپک پور کی سبسکرائب کیا گیا ہے۔
APKPure کو سبسکرائب کریں
ابتدائی ریلیز ، خبروں ، اور بہترین اینڈروئیڈ گیمز اور ایپس کے رہنماؤں تک رسائی حاصل کرنے والے پہلے بنیں۔
نہیں شکریہ
سائن اپ
کامیابی!
اب آپ ہمارے نیوز لیٹر کی رکنیت لے چکے ہیں۔