Киссахо аз хаёти Хазрати Али(р)
Дар масҷиди набавӣ марде дар паҳлўи Амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) нишаста беҳудагўӣ мекард.
То ин ки бадгўиро нисбати Алӣ ибни Абўтолиб (р) оғоз кард.Умар (р) ғазабнок шуда ба сўи қабри Паёмбар (с) ишора карда аз
он мард пурсид: Оё медонӣ дар ин қабр кӣ хобидааст?Он мард гуфт:
Бале: Дар он қабр Паёмбар Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб (с) хобидааст.Умар (р) гуфт: Он Алие, ки ту зикраш
кардӣ, Алӣ ибни Абўтолиб ибни Абдулмутталиб писари амаки Расулуллоҳ (с) аст. Пас Алиро ба некӣ ёд кун, зеро агар шумо ўро
озор диҳед, ҳамчунонест, ки соҳиби ин қабрро озор додаед.