Технология (таълими мехнат барои духтарон) синфи 6


1.0 by Китобхои фаннии точики
2018年07月12日

關於Технология (таълими мехнат барои духтарон) синфи 6

科技(talimi Mehnat氣壓duhtaron)

Хонандагони азиз, меҳнат барои инсон муқаддас

мебошад. Ҳар касе, ки вазифаи худро аз хурдсолӣ

бошарафона иҷро мекунад, ба ҳурмату эҳтироми халқаш

сазовор мешавад.

Хонандагони синфи 6 ба воситаи ин китоб бо маҳсулоти

хӯрокворӣ шиносшавиро давом медиҳанд ва хӯрокҳои

гуногун мепазанд.

Санъати хӯрокпазӣ аз қадимулайём ба одамон маълум

аст. Ин китоб ба шумо усули тайёр кардани хӯрок, истифодаи

оқилонаи он, қоидаҳои ороиш додани хӯрок ва дастархонро

меомӯзонад.

Шумо хонандагон бо мошини дарздӯзии пойӣ, бо нахҳо,

риштаҳо, матоъҳои абрешимию пашмӣ шинос мешавед ва

аз онҳо буридану дӯхтани либосро меомӯзед.

Ба ғайр аз ин ба саволҳои худ, монанди:

1.Чӣ, кай, куҷо?

2. Маслиҳатҳои муфиди кадбону.

3. Соҳибхоназан дар назар дошта бошад.

4. Фикр кун, ҷавоб деҳ, иҷро кун ё соз.

5. Саволу супориш ва гуфторҳо.

6. Инро дар хотир доред, ҷавоби қаноатбахш меёбед.

Бо ёрии ин китоб шумо на фақат дуруст, бо завқи

баланди эстетикӣ пухтани хӯрок, кор бо матоъ ва дӯхтанро

ёд мегиред, балки масъулият ҳис мекунед. Дар худ хислатҳои

меҳнатдӯстӣ, сариштакорӣ, сари вақт иҷро кардани корро

тарбия менамоед ва коллективона кор карданро ёд мегиред.

Дар вақти кор дар синфхонаи меҳнат, албатта, ба

қоидаҳои дохилии синфхона, қоидаҳои санитарию гигиенӣ

ва техникаи бехатарӣ риоя кардан лозим аст.

Талабот ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва техникаи

бехатарӣ дар вақти тайёр кардани хӯрокҳо:

1. Риоя кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва

санитарию гигиенӣ дар вақти пухтупаз шуморо аз фалокат

ва маъюбшавӣ эмин медорад.

2. Пеш аз пухтупаз аввал ошхона, сипас асбобу анҷоми

истифодашударо тоза кардан ва дар ҷойи муайян ҷо ба ҷо

гузоштан лозим аст.

3. Пеш аз шурӯъ кардан ба кор аввал нохунҳоро гиред,

дастҳоятонро шӯед, пешдоман ва рӯймоли сарбандиро тоза

ва дарзмол кунед, баъд пешдоманро пӯшида, мӯйҳоро даста

карда, рӯймолро ба сар бандед.

4. Барои он ки остини курта халал нарасонад, дар вақти

кор нимостини махсус пӯшед ё остинро барзанед.

5. Дар вақти истифодаи плитаи газ дучанд эҳтиёт шудан

лозим аст, чунки гази баромадаи насӯхта аз як тараф ҳаворо

заҳролуд карда, ба одам таъсири бад мерасонад, аз тарафи

дигар агар аланга расад, таркиш рух медиҳад. Бинобар он

Таҷҳизоти ошхона ДаР «ак.ти таомпазӣ

Тарзи дуруст истифода бурдани даспӯшак

ҳеҷ гоҳ ба беҳуда баромадани газ дар ошхона роҳ надиҳед.

6. Агар дар ошхона бӯйи газ набошад, аввал ҳавои

онро тоза кунед, бодпарворо (форточкаро) кушода, баъд

ба гӯшаки газдаргиронӣ диққат диҳед. Агар он дар ҳолате

қарор дорад, ки газ намебарояд, он гоҳ бо гӯгирд ё асбоби

махсуси барқии газдаргирон газро даргиронед. Алангаи

гази даргиронида бояд баробар ва кабудчатоб бошад.

7. Агар аланга зардчатоб ё нобаробар бошад, сӯзишгоҳро

тоза кунед. Агар дуруст нашавад, устои газро даъват намоед.

8. Ҷойи кор ва атрофи газ бояд тоза бошад. Дар вақти

пухтани хӯрок плитаи газ бояд зери назорат бошад. Пас аз

ҷӯшидани хӯрок алангаи газро паст кунед ва ба болои газ

чизи зудсӯзро нагузоред.

9. Пеш аз истифода бурдани зарфҳои тагаш ноҳамвор ба

болои газ тагмонаки махсус гузоред.

10. Пас аз ба охир расидани пухтупаз, пеш ва баъд аз

хӯрдани хӯрок даст ва асбобҳои истифодашударо тоза шӯед.

更多應用信息

最新版本

1.0

上傳者

Gonzalo Pinchi

系統要求

Android 4.0+

舉報

舉報不當內容

更多

下載 APKPure App

可在安卓獲取Технология (таълими мехнат барои духтарон) синфи 6的歷史版本

下載

下載 APKPure App

可在安卓獲取Технология (таълими мехнат барои духтарон) синфи 6的歷史版本

下載

Технология (таълими мехнат барои духтарон) синфи 6相關應用

Китобхои фаннии точики 開發者的更多應用

最新發現