下載 APKPure App
可在安卓獲取ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ Хоҷуи Кирмонӣ.的歷史版本
GULCHINIҒAZALHoҷuiKirmonӣ。
Ҳирқа раҳни хонаи хаммор дорад пири мо,
Эй ҳама риндон муриди пири соғаргири мо
Гар шудем аз бода бадноми ҷаҳон, тадбир чист?
Ҳамчунин рафтаст дар аҳди азал тақдири мо.
Сарвро бошад самоъ аз нолаи дилсўзи мурғ,
Мурғро бошад судоъ аз нолаи шабгири мо.
Доварӣ пеши кӣ шояд бурд, агар бе мўҷибе,
Хуни дарвешони бетоқат бирезад мири мо.
Ҳам магар лутфи ту гардад ухрхоҳи бандагон,
Варна маълум аст, к‐аз ҳад меравад тақсири мо.
Сайди он оҳуи рубаҳбози сайёди туем,
Мо шикорафтодаю шери фалак нахчири мо.
То дили девона дар занҷири зулфат бастаем,
Эй басо оқил, ки шуд девонаи занҷири мо.
Аз хаданги оҳи оламсўзи мо ғофил машав,
К‐аз камони нарм захмаш сахт бошад тири мо.
Раҳ мадеҳ дар хонақаҳ, Хоҷу, касеро к‐ин нафас,
Бо ҷавонон ишрате дорад ба хилват пири мо.
下載 APKPure App
可在安卓獲取ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ Хоҷуи Кирмонӣ.的歷史版本
下載 APKPure App
可在安卓獲取ГУЛЧИНИ ҒАЗАЛ Хоҷуи Кирмонӣ.的歷史版本