Абдурахмони Чоми

100 газал

1.0 by Китобхои Исломи
2017年10月18日

關於Абдурахмони Чоми

100格扎Abrurahmoni Chomi(AbduraҳmoniҶomӣ)Shoira經典Tochik(Tochikiston)

100 газали Абрурахмони Чоми (Абдураҳмони Ҷомӣ) шоири классики Точик (Точикистон)

Баски дарди сар зи фарёду фиғони худ кашам,

Аз даҳон чун нола мехоҳам забони худ кашам.

Ҷон баромад, лекин аз дил барнамеояд ҳанӯз,

К-аз дилу ҷон новаки абрӯкамони худ кашам.

Меҳмон шуд моҳи ман, дардо, чи ҷуз ҷон тӯҳфае

Нест дар дастам, ки пеши меҳмони худ кашам.

То даромад аз дарам он сарв, ҳар дам дидаро

Кӯҳли биноӣ зи хоки остони худ кашам.

Мекашам аз сина бепайкон хадангашро, чу нест

Қуввати онам, ки пайкон з-устухони худ кашам.

Сар, ки бораш мекашам умре ба дӯш, аз баҳри чист,

Гар на рӯзе дар раҳи сарви равони худ кашам?

Дафтари Ҷомист ин аз гуфтаҳои ишқ пур,

Мебарам, то пеши шӯхи нуктадони худ кашам. Ҷ.2. с.191

2

Шабҳо, ки доғи фурқати он моҳ мекашам,

То рӯз нола мекунаму оҳ мекашам.

З-он маҳ намекунам гила, к-ин меҳнату бало

Аз бахти тираву дили гумроҳ мекашам.

Шабҳои хешро, ки зи зулфаш сиёҳ шуд,

Аз рӯяш интизори саҳаргоҳ мекашам.

То тоҷ шуд ба фарқи сарам гарди доманаш,

Доман зи тахти манзалати шоҳ мекашам.

Ҷон мебарам ба тӯҳфа гадоёни дӯстро,

Нақди ҳақир дар назари шоҳ мекашам.

Аз ошиқӣ насиби ман ин шуд, ки рӯзу шаб

Ҷаври рақибу таънаи бадхоҳ мекашам.

Ҷомӣ, чу коҳ шуд танам аз заъфу ман ҳанӯз

Кӯҳи ғамаш ба қуввати ин коҳ мекашам.

更多應用信息

最新版本

1.0

上傳者

Gabriel Jesus

系統要求

Android 4.0+

舉報

舉報不當內容

更多

下載 APKPure App

可在安卓獲取Абдурахмони Чоми的歷史版本

下載

下載 APKPure App

可在安卓獲取Абдурахмони Чоми的歷史版本

下載

Абдурахмони Чоми相關應用

Китобхои Исломи 開發者的更多應用

最新發現