เราใช้คุกกี้และเทคโนโลยีอื่น ๆ บนเว็บไซต์นี้ เพื่อปรับปรุงประสบการณ์การใช้งานของคุณ
การคลิกลิงก์ใด ๆ ในหน้านี้แสดงว่าคุณยินยอมในส่วนของ นโยบายความเป็นส่วนตัว และ นโยบายคุกกี้ ของเรา
ตกลง ฉันยินยอม เรียนรู้เพิ่มเติม

เกี่ยวกับ Ахкоми исломи

Whaler bo zaboni Tochiki "Aҳkomi islomӣ"

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Мундарича:

Аҳкоми исломӣ

Муқаддимаи ношир

Муқаддимаи китоб

Фасли аввал: Ҳукми “Бисмиллоҳ” дар Ислом

Оёт ва ривоёти ҷаҳрӣ “Бисмиллоҳ"

Сираи Имом Алӣ ва Аммор

Аҳодиси мактаби Аҳли Байт

Аҳодиси Умми Салама

Ривоёти Анас ва тарки Муовия

Аҳодис ва сираи Абўҳурайра

Ахбори Абдуллоҳ ибни Умар

Ахбори Абдуллоҳ ибни Зубайр

Ахбори Умар ибни Хаттоб (р)

Ахбори Бурайда

Аҳодиси баъзе саҳобагони дигар

Аҳодис ва сираи Ибни Аббос

Ахбори шогирдони Ибни Аббос

Назароти баъзе аз тобеин

Китобҳое дар ин мавзўъ

Далели мункирон

Натиҷа

Фасли дуюм: Бастани даст дар намоз

Бастани даст дар намоз

Раҳо ва кушода будани дастҳо

Аҳодиси мактаби Аҳли Байт

Фасли сеюм: Рўза дар сафар ва ҳукми он

Ривоятҳо дар ин замина

Фасли чаҳорум: Масҳи бар по

Паёмбар ва баёни ояи таҳорат

Аҳодиси дигар

Аҳодиси Имом Алӣ ва дигарон

Аҳодиси мактаби Аҳли Байт

Ояти вузў аз дидгоҳи уламо

Натиҷаи ин баҳс ва суханони аҷиб

Иддаои насхи масҳ аз ояти вузў

Теъдоди шустан ва масҳи аҷзо

Фасли панҷум: Масҳи бар хуффайн ва мўза

Ахбори мактаби Аҳли Байт

Масҳ баъд аз нузули Моида

Тазаккури чанд матлаби муҳим

Муқаддимаи ношир

Ҳадафи ирсоли паёмбарон ва нузули ваҳй, бозкардани дидагони инсонҳои саргардон ба сўи қиёмат буда ва маънобахшӣ ба зиндагӣ ва равшан сохтани он, бо нури ҳидояти илоҳӣ аст. Имон ба Худованди Якто ва рўзи қиёмат, бунёди ҳамаи пайвандҳои иҷтимоиро дигаргун месозад ва ҷомеаи нав фароҳам меоварад, ки дар он ному ёди офаринанда ва ҳузури ҳамешагии он дар ҳама лаҳзаҳо эҳсос мешавад. Мўъминон бо пайравӣ аз паёмбарони илоҳӣ, роҳу расми фармонбардорӣ аз Офаридгори Мутаолро меомўзанд ва бо чангзадан ба аҳкоми исломӣ ва анҷоми дастуроти илоҳӣ, таъми ширини бандагии Худоро мечашанд.

Аҳамияти шинохти аҳкоми илоҳӣ аз манобеи асили баҷомонда ва омўзиши он ба мўъминон, низоме аз мадориси илмӣ ва мазоҳиби илмиро дар ҷомеаи исломӣ ривоҷ додааст. Ҳарчанд ҳамаи омилон ба аҳкоми илоҳӣ талош доранд, амалҳояшонро онгуна баҷо оваранд, ки матлуб ва мавриди қабули илоҳӣ аст, аммо омилони аҳли илм, ин дағдағаро бештар дар дил доранд ва дар паи ёфтани ҳақиқат, дар роҳи талошу кушиш қадам мебардоранд ва сахтиҳои онро баҷон мехаранд. Тавфиқ дар ин роҳ, марҳуни ҳақиқат талабии холисона ва бурдбории олимона аст. Китоби ҳозир ба номи "Аҳкоми исломӣ" асари нависандаи арҷманд Илёс Косимов аз донишомўхтагони Маркази Ҷаҳонии Улуми Исломӣ аст. Нависанда дар ин асар кўшида аст масоиле чанд дар мавзуи аҳкомро ба баҳси илмӣ бигзорад ва назароти мухталифро дар ин мубоҳиса саҳим гардонад. Муовинати Пажўҳиши Маркази Ҷаҳонии Улуми Исломӣ бо сипосу тақдир аз нависандаи муҳтарам ва низ дигар дастандаркорони амри омодасозӣ ва нашри ин асар, тавфиқоти беш аз пешро барои азизон аз даргоҳи илоҳӣ орзуманд аст.

Муовинати Пажўҳиши Маркази ҷахонии Улуми Исломӣ

Идораи кулли барномарезӣ ва сомондеҳии таҳқиқот

Муқаддимаи китоб

Яке аз воҷиботе, ки Худованди Мутаол дар Қуръони Карим ва Паёмбари гиромӣ (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар суханони гуҳарбори хеш мо мусулмононро ба он суфориш намудаанд, ваҳдат ва якпорчагист чунон, ки ба шиддат аз тафриқа ва ҷудоӣ барҳазар доштаанд. Худованди Мутаол мефармояд:

"وَاعْتَصِمُواْ بِحَبْلِ اللّهِ جَمِيعًا وَلاَ تَفَرَّقُواْ وَاذْكُرُواْ نِعْمَةَ اللّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنتُمْ أَعْدَاء فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُم بِنِعْمَتِهِ إِخْوَانًا وَكُنتُمْ عَلَىَ شَفَا حُفْرَةٍ مِّنَ النَّارِ فَأَنقَذَكُم مِّنْهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ".

“Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед ва неъмати Худоро ба худ ёд кунед он гоҳ, ки бо якдигар душман будед, пас миёни дилҳои шумо ҳамдамӣ ва пайванд дод то ба неъмати Вай бо ҳам бародар гаштед ва бар лабаи партгоҳе аз оташ будед, пас шуморо аз он раҳонид. Худо инчунин оятҳои худро барои шумо равшан баён мекунад то роҳ ёбед”.

Ва низ мефармояд:

"وَلاَ تَنَازَعُواْ فَتَفْشَلُواْ وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ".

“Ва бо якдигар ситеза ва кашмакаш макунед, ки суст ва баддил шавед (ва обрўятон равад)”.

มีอะไรใหม่ใน 422.0243 เวอร์ชันล่าสุด

Last updated on Jan 27, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

กำลังโหลดการแปล...

ข้อมูล แอป เพิ่มเติม

เวอร์ชันล่าสุด

ส่งคำขออัปเดต Ахкоми исломи 422.0243

อัปโหลดโดย

Doaa Maher

ต้องใช้ Android

Android 4.1+

แสดงเพิ่มเติม

Ахкоми исломи ภาพหน้าจอ

ภาษา
สมัครสมาชิก APKPure
เป็นคนแรกที่เข้าถึงการเปิดตัวข่าวและคำแนะนำเกี่ยวกับเกมและแอพ Android ที่ดีที่สุด
ไม่เป็นไรขอบคุณ
ลงชื่อ
สมัครสมาชิกสำเร็จ!
ตอนนี้คุณสมัครเป็นสมาชิก APKPure
สมัครสมาชิก APKPure
เป็นคนแรกที่เข้าถึงการเปิดตัวข่าวและคำแนะนำเกี่ยวกับเกมและแอพ Android ที่ดีที่สุด
ไม่เป็นไรขอบคุณ
ลงชื่อ
ความสำเร็จ!
ตอนนี้คุณสมัครรับจดหมายข่าวของเรา