We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.

Over Таърихи халки точик (синфи 7)

Таърихи халки точик (синфи 7)

Китоби дарсие, ки дар даст доред, таърихи зиёда аз

панҷуним асрро дар бар мегирад. Он идомаи китоби дарсии

синфи 6-ум буда, аз ибтидои асри IX, яъне аз замони ба сари

ҳокимият омадани хонадонҳои тоҷикии Бармакиён (752-

803) ва Тоҳириён (821-873), то миёнаи асри XIV - соҳиби

тахт шудани хонадони Темуриёнро фаро мегирад.

Дар давоми ин асрҳо олимон, адибон, муаррихон (таърихнигорон)-и

гузаштаи мо садҳо китоб таълиф намудаанд,

вале аксари мардум аз онҳо баҳра намебурдаанд, чунки

«Таърихи халқи тоҷик» то соли 1989 дар мактабҳои ҷумҳуриамон

ҳамчун фанни алоҳида омӯхта намешуд. Истикдолияти

давлатии кишвар имкон дод, ки ба омӯзиши таърихи

халқи тоҷик таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардад. Акнун ин фан аз

синфи 5-ум сар карда, то синфи 11-ум хеле пурра (назар ба

гузашта) омӯхта мешавад. Таърихи халқи тоҷик хонандаро

дар рӯҳияи беҳтарин хислатҳои инсонӣ -накукорӣ, озодихоҳӣ,

сулҳпарварӣ ва худшиносию ватанхоҳӣ тарбия мекунад.

Саргузашти мардуми тоҷик ҳамеша бо созандагӣ ҳамроҳ

будааст. Тоҷикон офаридани осори арзишманди меъморӣ,

ҳунар, мусиқӣ ва илму адабро рисолати таърихии худ меҳисобанд.

Тоҷик танҳо дар ҳолати зарурат даст ба силоҳ бурда,

аз сарзамин, шараф ва номи худ дифоъ намудааст.

Шумо тавассути ин китоб бо таърихи таъсис ёфтани давлатҳои

тоҷикон: Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғуриён,

Куртҳои Х,ирот, Сарбадорон ва завол ёфтани онҳо шинос

мешавед. Инчунин, дар якҷоягӣ таърихи давлатҳои Қарахониён,

Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва истилои

муғулҳоро то замони ба сари ҳокимият омадани Темуриён

(соли 1370) меомӯзед. Дар ин бахш шумо хоҳед донист, ки

ин давлатҳо низ зери таъсири фарҳангу тамаддуни тоҷикон

қарор гирифта, баъзе худ фарҳанги тоҷикро қабул карда,

онро ривоҷ доданд.

Ин давраи рушди шаҳрҳои қадимии Шарқ: Бухоро, Самарқанд,

Марв, Нишопур, Ҳирот, Балх, Хуҷанд, Бунҷикат,

3

Ҳулбук ва ғайра буд. Аз байни тоҷикон фарзандони барӯманду

мутафаккирони оламшумул, аз ҷумла Абӯҳанифа

Нуъмон ибни Собит, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни

Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва дигарон

баромаданд, ки бо асарҳои безаволи худ ба хазинаи тамаддуни

ҷаҳон ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

Дар чанд соли охир, хусусан ба муносибати 1100-солагии

давлати Сомониён, 1150-солагии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ,

1310-солагии Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, 1000-солагии

Носири Хусрави Қубодиёнӣ бисёр китобҳои нав дастраси хонанда

гардиданд. Дар замони Истиқлолият асари шашҷилдаи

«Таърихи халқи тоҷик» ба нашр расида, саҳифаҳои нави

таърихи моро равшан гардонд. Садҳо осори арзишманди

ниёгон бори нахуст ба нашр расид. Аз ҷумла асарҳои «Таърихи

Табарӣ», «Таърихи Байҳақӣ», «Зайн-ул-ахбор», «Таърихи

Систон» ва ғайра дастраси хонандагон шуданд.

Wat is er nieuw in de nieuwste versie 1.0

Last updated on Jul 16, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Vertaling Laden...

Aanvullende APP -informatie

Laatste Versie

Verzoek update van Таърихи халки точик (синфи 7) 1.0

Geüpload door

บีม ค่าบ

Android vereist

Android 4.0+

Meer Info

Таърихи халки точик (синфи 7) Screenshots

Talen
Abonneer u op APKPure
Wees de eerste die toegang krijgt tot de vroege release, nieuws en gidsen van de beste Android -games en apps.
Nee bedankt
Aanmelden
Succesvol ingeschreven!
Je bent nu geabonneerd op APKPure.
Abonneer u op APKPure
Wees de eerste die toegang krijgt tot de vroege release, nieuws en gidsen van de beste Android -games en apps.
Nee bedankt
Aanmelden
Succes!
Je bent nu geabonneerd op onze nieuwsbrief.