사용자 환경을 개선하기 위해 이 웹 사이트의 쿠키 및 기타 기술을 사용합니다.
이 페이지의 링크를 클릭하면 당사의 개인 정보 보호 정책쿠키 정책에 동의하는 것입니다.
동의함 더 알아보기
Рахмат ба ту эй офтоб! 아이콘

1.0 by some simpe


May 21, 2018

Рахмат ба ту эй офтоб! 정보

Rahmat ba Oftob the hey!

ГУНҶИШКАК

Якта гунҷишкак будаст, Пешонеш қашқа будаст. Гӯши чапаш хоридаст,

Як ҳафта барф боридаст. Барфи баланд боридаст,

Як қади ман боридаст. Гунҷишкак гушна мондаст, Гушнаву ташна мондаст. Бечора ин сӯ рафтаст, Бечора он сӯ рафтаст:

Ин сӯ равад, дона нест,

Он сӯ равад, дона нест. Ҳама таги барф мондаст, Барф ҳамаро пӯшондаст. Дар як дарахт нишастаст, Аз гушнагӣ карахт аст.

Аз хунукӣ ях шудаст,

Болу параш шах шудаст. Лекин ҳолӣ намурдаст, Дар навда хобаш бурдаст.

Хобаш бурдаст, хоб дидаст, Дар хоб дону об дидаст. Дидаст, ки тобистон аст, Олам ҳузури ҷон аст.

Як дашти аз арзан пур, Арзан хоҳӣ, арзан хӯр.

Як дашти аз шолӣ пур, Биринҷ хоҳӣ, биринҷ хӯр. Як боғи пури ангур,

Ангур хоҳӣ, ангур хӯр. Алаф хоҳӣ, алаф хӯр,

Малах хоҳӣ, малах хӯр. Кӯлмакчаҳо гармакак, Хокистарҳо нармакак. Онҳоро кардаст Офтоб Хокбозӣ - оббозибоб.

Хоҳӣ, бикун оббозӣ,

Хоҳӣ, бикун хокбозӣ. Ҳай-ҳай, чӣ хуш тобистон! Бай-бай, чӣ хуш тобистон! Гунҷишкак дар хобаш дид: Як села гунҷишк парид.

Чир-чир карда мерафтанд, Ӯро «биё!» мегуфтанд.

Ӯ ҳам парид, бедор шуд,

Як камтарак ҳушёр шуд. Чашмонашро кушодаст, Дид, ки дар барф афтодаст. Ҳарчанд ки ҷон меканад, Хеста наметавонад. Гунҷишка гурба дидаст,

Ба сӯйи вай давидаст.

Дар даҳанаш гирифтаст, Гирифта хона рафтаст. Гуфтаст, ки «Ин карахт аст, Гӯшти карахт сахт аст. Сардаш хӯрам, мемурам, Гармаш карда мехӯрам».

Як духтари хушмӯяк,

Як писари хушрӯяк,

Ҳар ду мисоли лола, Ҳардуяшон - шашсола, Духтарак Наргис ном дошт, Писарак Парвиз ном дошт.

Дар таги кӯрпа буданд,

Соҳиби гурба буданд.

Гурбаро даст гирифтанд, Гунҷишка пас гирифтанд.

Дар кӯрпача печонданд,

Дар пеши печка монданд. Ҳушаш ба сар омадаст,

Аз кӯрпа баромадаст.

Донаву об хӯронданд,

Ҷонакаша раҳонданд. Гунҷишкак, ки сер шудаст,

Аз шодӣ гиря кардаст.

«Раҳмат, Наргисҷон!», - гуфтаст, « Раҳмат, Парвизҷон!», - гуфтаст. «Акнун берун меравам,

Дар хона зиқ мешавам».

Онҳо дарро кушоданд, Гунҷишкака сар доданд. Наргису Парвиз - хурсанд,

Ба гунҷишкак «Хайр! - гуфтанд. Ин хонаро медонӣ,

Ҳар гаҳ ки гушна монӣ, Тирезаро тақ-тақ зан,

Хайр, эй гунҷишкаки ман!»

최신 버전 1.0의 새로운 기능

Last updated on May 21, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

번역 로드 중...

추가 앱 정보

최신 버전

Рахмат ба ту эй офтоб! 업데이트 요청 1.0

필요한 Android 버전

4.0 and up

더 보기

Рахмат ба ту эй офтоб! 스크린 샷

APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공적으로 구독!
당신은 이제 APKPure에 가입되었습니다.
APKPure를 구독하십시오
최고의 Android 게임 및 앱의 초기 릴리스, 뉴스 및 가이드에 액세스하는 첫 번째 사람이 되십시오.
고맙지 만 사양 할게
가입하기
성공!
당신은 이제 우리의 뉴스 레터를 구독하고 있습니다.