Use APKPure App
Get Хикоёти таърихи old version APK for Android
Хикоёти таърихи
Хонандагон бо мутолиаи саргузаштҳои инсонҳои хубу бад таърихро мешиносанд, хислатҳои ҷавонмардй, адолатхоҳй, накӯкорӣ ва инсондӯстиро меомӯзанд ва аз оқибату фарҷоми мардуми бадандешу ситампеша, бадхулқу бадрафтор ибрату сабақ мегиранд. Ҳикоёти таърихй саршори панду андарзи ҳакимонаи рӯзгорон буда, ҳикмати бузурги маърифатӣ, маънавӣ ва фарҳангй доранд, чашмандози моро ба зиндагию рӯзгори гузаштагон амиқтар ва равшантар месозанд ва барои худшиносии ҳар як фард кумак мерасонанд.
Пиндорам туӣ!
Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷоми дар маҷлисе ғазале суруд, ки матлаъаш ин буд:
Баски дар ҷони фигору ҷисми беморам туӣ,
Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ.
Яке аз шайхзодаҳои шаҳр, ки холӣ аз балоғат набуд ва даъвои шеъру шоирӣ мекард, бар матлаъи ғазали Ҷомӣ эътироз намуда гуфт:
-Ҷаноби Мавлоно, шумо дар ин матлаъ фармудаед: «Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ». Агар харе ё гове пайдо шавад?
Мавлоно Ҷомй гуфт:
-Пиндорам туӣ.
Last updated on Jul 12, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Nécessite Android
4.0 and up
Catégories
Signaler
Хикоёти таърихи
1.0 by some simpe
Jul 12, 2018