ما از کوکی ها و فناوری های دیگر در این وبسایت برای بهبود تجربه کاربری شما استفاده می کنیم.
با کلیک بر روی هر پیوند در این صفحه شما دستور خود را برای سیاست حفظ حریم خصوصیاینجاو سیاست فایلمی دهید.
باشه موافقم بیشتر بدانید

درباره‌ی Ифтихори ватандори (синфи5)

Iftihori Vatandor (sinfi5)

Ватан азизтарин ва ноёбтарин неъмат, сарвати

бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ чиз наметавон иваз кард. Ватан

ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори

мост. Ватанро интихоб ва ё хариду фурӯш намекунанд.

Ватан сарнавишту қисмати ҳар фарзанд аст, ки аз ибтидо

ба бошандагонаш ба мерос гузошта мешавад. Дар луғатҳо

Ватанро чун ҷойи истиқомат, маконе, ки шахс таваллуд

шуда, камол ёфтааст ва мақому маскан дорад, маънидод

кардаанд. Ҳамзабонони мо гоҳе ба ҷойи калимаи «Ватан»

«Меҳан»-ро низ истифода мебаранд.

Агар модар моро зодаву бо шири сафед парварда,

нахустин ҳарфу ҳиҷои забонро ёд додаю роҳрав карда

бошад, пас Ватан ба сарамон дасти пурмеҳру навозиш

гузошта, чун фарзанди дилбанд тарбия мекунад.

Ватандӯсти ҳақиқӣ будан на дар суханҳои зебою

ботантана, ваъдаҳои хушку холӣ, балки дар кору

фаъолияти ҳамарӯзаи амалӣ, дар гуфтору кирдор ва қавлу

вафо, дар кору заҳмати софдилона, дар интизоми

намунавию ахлоқи ҳамидаву хониши аъло, дар кӯшишу

талошҳои пайваста баҳри манфиати Ватани маҳбуб ва

халқу давлат зоҳир мегардад.

Ҳар яки мо бояд Ватани азизи хешро дӯст дорем.

Муҳаббат ва садоқати бепоён ба Меҳан, сарафрозӣ аз

гузаштаи пурифтихор дошта бошем, арзишҳои миллӣ ва

дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем, дар

бунёди ҷомеаи шаҳрванди ва давлати милли саҳмгузор

бошем.

Ба ҷуз меҳри Ватан ишқи дигар нест

Ба фарзандони бонангу вафодор.

Чу шахсе бекафан мирад, ғаме нест,

Худо, аз беватан будан нигаҳ дор!

Меҳру муҳаббат ба Ватани азиз, обу хок, ҳар гулу

гиёҳи он дар ашъори адибони гузаштаву имрӯзаи мо он

қадар васф шудааст, ки беҳадду беҳамтост. Адибони

пешин Ватанро хурд ва бузург номидаанд. Ватани умумии

мо Тоҷикистон аст, вале Ватани хурд асосан маънии

зодгоҳ, маҳалли зист ва мавзеи камолоти инсонро дорад.

Устод Абулқосим Лоҳутӣ дар васфи Ватан-Модар

барҳақ фармуда:

Маҳбуби ҳама халқи ҷаҳон шуд Ватани мо,

Уммеди ҳама беватанон шуд Ватани мо.

Чун сар нафарозему тафохур нанамоем,

Шаъну шарафи одамиён шуд Ватани мо.

Садсола кас ин ҷо накунад шикваи пирӣ,

Бо умри куҳан тозаҷавон шуд Ватани мо.

Хидмат бикунем аз дилу ҷонаш, ки баробар

Бар нархи дилу қимати ҷон шуд Ватани мо.

Бачаҳои азиз, дар ҳақиқат, шумо ҳуқуқи комил доред,

ки бо Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азиз, бо миллати

соҳибфарҳанги тоҷик, бо забони ширини модарӣ, бо

таърихи ғановатманди ниёгонамон ифтихор намоед.

Х,ифзи дастовардҳои Истикдолияти давлатӣ, амнияту

ягонагии Тоҷикистон бояд мақсаду мароми зиндагӣ ва

ормонҳои мову шумо бошад.

Боз ҳам аз он сарфароз бошем, ки зодаи Ҷумҳурии

Тоҷикистон-давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд,

дунявӣ ва ягона ҳастем. Таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси

давлатем. Ба кор, манзил, таҳсил, истироҳат ва ҳифзи

саломатӣ ҳуқуқ дорем. Ҷавобан ба ин имтиёзҳо ҳифзи

Ватан, ҳифзи табиат ва комёбиҳои даврони Истиқлолияти

давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.

جدیدترین چیست در نسخه‌ی 1.0

Last updated on 09/07/2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

بارگذاری ترجمه...

اطلاعات تکمیلی برنامه

آخرین نسخه

وارد شوید undefined در undefined 1.0

نیاز به اندروید

4.0 and up

نمایش بیشتر

Ифтихори ватандори (синфи5) اسکرین شات ها

اشتراک در APKPure
اولین کسی باشید که به نسخه اولیه، اخبار و راهنمای بهترین بازی ها و برنامه های اندروید دسترسی پیدا می کند.
نه، متشکرم
ثبت نام
با موفقیت مشترک شد!
اکنون به APKPure مشترک شده اید.
اشتراک در APKPure
اولین کسی باشید که به نسخه اولیه، اخبار و راهنمای بهترین بازی ها و برنامه های اندروید دسترسی پیدا می کند.
نه، متشکرم
ثبت نام
موفقیت!
شما الان عضو خبرنامه‌ی ما شدید.