Забони давлати (синфи 10)


1.0 توسط Китобхои фаннии точики
11/07/2018

درباره‌ی Забони давлати (синфи 10)

Zaboni DAVLATOV (Xingfu 10)

Забони точикй, ки дар қаламрави Думҳурии Точикистон забони давлатй аст,

яке аз забонҳои қадима ба шумор меравад. Ин забон хеле ширин ва гуворост. Бо

ин забон адибони машҳури дунё, ба монанди Абўабдуллохи Рўдакй, Абулқосими

Фирдавсй, Носири Хусрав, Саъдии Шерозй, Ҳофизи Шерозй, Камоли Хучандй,

Абдурраҳмони Ч,омй, Бадриддини Ҳилолй. АҳмадиДониш, Шамсиддини Шоҳин,

Садриддин Айнй, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералй ва дигарон

асарҳои гаронбаҳо эчод кардаанд. Ба забони точикй на фақат асарҳои зиёди адабй,

балки осори фаровони илмй ва таълимй навишта шудааст.

Шумо ҳоло то андозае бо ин каломи ширин бо хамдигар гуфтугў менамоед.

Ҳангоми ичрои савол ва супоришҳои ин китоб бо нозукиҳои забони точикй

ошно мегардед. Минбаъд низ саъю кўшиш ба харч диҳед, то ин забони латифу

шеворо боз хам хубтару беҳтар омўзед.

Дар вақти қироат ё навиштани порчаҳои назму наср гайр аз калимаҳо, аз

таркибу ибораҳои ин китоб самаранок истифода намуда, савияи дониши хешро

баланд бардоред.

Агар дар ёфтани шарҳи маънои калимаҳои душворфаҳм душворй кашед (зеро

овардани ҳамаи луғатҳо аз имкон берун аст), ба луғатҳои точикй-русй ва ё точикйўзбекй

нигаред. Ба устодон ва ё падару модарон мурочиат намоед.

Барои ҳарчи зудтар азхуд кардани забони точикй ба шумо муваффақиятҳо

хохонем!

اطلاعات تکمیلی برنامه

آخرین نسخه

1.0

بارگذاری شده توسط

Guilherme Simoes

نیاز به اندروید

Android 4.0+

گزارش

گزارش محتوای نامناسب

نمایش بیشتر

جایگزین Забони давлати (синфи 10)

از Китобхои фаннии точики بیشتر دریافت کنید

کشف کنید