Usar la aplicación APKPure
Obtener Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в versión histórica en Android
Yak SALAVOT BAROBAR AST AD DAҲ ҲAZOR SALAVOT
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
"Инналлоҳа ва малоикатаҳу юсаллуна ъалан-набиййи, ё айюҳал-лази оману саллу ъалайҳи ва саллиму таслимо".
Тарҷума: Ҳар оина Худованд ва фариштагони ӯ дуруд мефиристанд бар Пайғамбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам), эй мусалмонон, дуруд фиристед бар вай ва салом гӯед салом гуфтанӣ.
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
1) Шарти қабулӣ ва истиҷобати дуову салавот доштани таҳорати ҷисмиву ботинӣ мебошад.
2) Шарти иҷобат шудани дуову салавот қатъи умед аз ҳама мебошад. Ҷисму ҷони зикргӯянда бояд фақат ба умеди Худо бошад.
3) Гӯяндаи зикр боварӣ дошта бошад, ки Худованд тавоноии онро дорад, ки ҳарчи ирода фармояд, анҷом диҳад.
4) Бояд ҳамчун шахси ғарқшудаистода дуо кард ва кӯмаку наҷотро танҳо аз Худованди таъоло бояд донист, зеро Худованд ба Ҳазрати Исо фармуд, ки: << Маро чун ғариқе дуо кун, ки паноҳу наҷоте ҷуз ман надорӣ >>.
5) Ситоишу ҳамди Худовандро қабл аз дархосту дуо гӯяд.
6) Эътироф кунад, ки гуноҳҳо ӯро аз бисоти қурби Худованд дур афканда, балоҳоро фароҳам овардаанд. Ва ҳамчунин омурзишу авфи гуноҳҳояшро аз даргоҳи Худовандӣ талабгор бошад.
7) Вақте ботини худро аз наҷосат ва шаҳавоти нафсонӣ пок кард ва даруни худро таконе дод, ҳузури қалб ҳосил мешавад, ки ин ҳам яке аз шартҳои асосии дуову салавот аст.
8) Бояд дил бо забон якмаъно бошад, ки зикр аз дили ғофил пазируфта нагардад.
9) Дурудро чунон бояд фиристод, ки гӯё Ҳазрати Расулуллоҳ ( С ) – ро рӯ ба рӯи худ дида, бо эшон сухан мегуфта бошад.
ЯК САЛАВОТ БАРОБАР АСТ БА ДАҲ ҲАЗОР САЛАВОТ
МУДОВИМАТ БА САЛАВОТ РАМЗИ ХОБ ДИДАНИ ПАЙҒАМБАР
Шахсе назди султон Маҳмуди Сабуктегин рафт ва гуфт:
- Муддате буд, ки мехостам Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар хоб бубинам ва ғами худро барояш бозгӯ кунам. Ба ман ин саодат муосидат намуд ва дар шаби гузашта ба ин давлат расидам ва ҷамоли бокамоли он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар хоб дидам ва гуфтам:
- Эй Расули Худо ( С ), ҳазор дирҳам қарз дорам ва ба адои он қодир нестам. Метарсам, ки аҷал бирасад ва он қарз дар гардани ман боқӣ бимонад.
Он Ҳазрат ( С ) фармуд:
-Бирав назди Маҳмуди Сабуктегин ва он маблағро аз ӯ биситон.
Арз кардам:
-Шояд аз ман бовар накунаду нишон талабад.
Он Ҳазрат ( С ) фармуд:
-Ба ӯ бигу ба он нишон, ки дар аввали шаб сӣ ҳазор маротиба бар ман салавот мефиристад ва дар охири шаб сӣ ҳазор маротибаи дигар бар ман салавот мефиристад.
Султон Маҳмуд аз шунидани ин хоб ба гиря омаду тасдиқ кард ва қарзи ӯро адо кард ва ҳазор дирҳами дигар низ ба ӯ бахшид. Атрофиёни султон тааҷҷуб карданду гуфтанд:
-Эй султон, суханони ин мардро чӣ гуна тасдиқ мекунӣ? Ҳол он ки мо дар аввали шаб ва охири шаб бо ту ҳастем ва намебинем, ки ба фиристодани салавот машғул бошӣ. Ва агар касе дар тамоми вақтҳои шабонарӯз ба фиристодани салавот машғул бошад, наметавонад, ки шаст ҳазор салавот бифиристад.
Султон Маҳмуд гуфт:
-Ман аз уламо шунидаам, ки: << Ҳар кӣ як бор ин салавотро бифиристад, гӯё чунон аст, ки даҳ ҳазор маротиба салавот фиристодааст >>. Ва ман дар аввали шаб се маротиба ва дар охири шаб низ се маротиба ин салавотро мехондам. Ин шахс ки пайғоми он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро овард, дуруст ва рост мегӯяд ва ин гиряи ман аз шодӣ аст. Ин салавот чунин аст:
Аллоҳумма салли ало саййидино ва набиййино Муҳаммадив-ва Олиҳи махталафа-л-малавони ва таоқаба-л-асрони ва карра-л-ҷадидони вастақбала-л-фарқадони ва баллиғ рӯҳаҳу ва арвоҳаҳу ва арвоҳа аҳли байтиҳи миниа-т-таҳийята ва-с-салом.
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Дар китоби << Ҷазбу-л-қулуб >>- и Абдулҳаққи Деҳлавӣ омадааст, ки: << Як роҳ барои хоб дидани Пайғамбари Худо ( С ) ҳаст ва он бардавом бар он Ҳазрат салавот фиристодан аст ботаҳорат ва бад-ин гуна:
Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив ва Олиҳи ва саллим камо туҳиббу ва тарзо.
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Барои шифои бемороне, ки табибон ҷавоб додаанд ва умеде ба дармон нест, ба Расули Худо ( С ) салавоти зиёд фиристода шавад. Беҳтар аст, ки чунин салавот фиристода шавад:
Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив ва Оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳим.
Last updated on 27/09/2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Presentado por
Chú Bé Quân
Requisitos
Android 4.0+
Categoría
Reportar
Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в
1.2 by Китобхои Исломи
27/09/2018