Таърихи халки точик (синфи 10)


1.0 by Китобхои фаннии точики
2018年07月11日

关于Таърихи халки точик (синфи 10)

Tarihi废船tojik(兴富10)

Таърих як қисми хотираи халқ аст. Бо ҳама пастию баландиҳояш.

бо хама хубу бадиҳояш, бо ҳама фардҳои ҷохилу

оқилаш дар ёди ҳамзамонону дар сабли қаламкашонаш

боқӣ мемонад. Ҳар давру замони таърихй хусусиятҳои худро

дорад. Бо ҳамон хусусиятҳояшон давлатҳою халқҳо. ҳокимону

қаҳрамонҳо ва аҳли заҳмат ба таърих ворид мешаванд.

Тоҷик давлатҳои абарқудрату императорӣ (Ҳахоманишиёну

Сомониён), мустақилу дар иҳотаи давлатҳои абарқудрат

(Тахористон. Суғд. Ғуриёну Тоҷикистони Шӯравӣ) ва

хурду тобеъ (Тоҳириён, Саффориён. Куртҳо, Сарбадорон)

дошт. Тоҷик инчунин, шоҳони одилу (Анӯшервони Одил,

Исмоил) қаҳрамонҳои беҳамто (Рустам. Исфандиёр, Спитамен.

Муқаннаъ, Восеъ), шаҳрҳои номӣ (Балх, Ҳирот, Нишопур.

Бухоро. Самарканд, Гурганҷ, Хуҷанд) дошт. Ҳамаи

ин номҳо саҳифаҳои дурахшону ҳузнангези халқи тоҷик буданд

ва дониста мешаванд. Бо ҳамаи ин хонандаи мо шинос

аст. Акнун дар ин китоб хонанда боз бо як саҳифаи ба

қаъри таърих рафтаи халқи тоҷик - Тоҷикистони Шӯравӣ,

ки пур аз тазодҳои сиёсй, иҷтимой, фарҳангӣ ва инсонист

шиносоӣ пайдо мекунад. Китоб, ки солҳои 1917- 1945-ро дар

бар мегирад, давраи бениҳоят пурмоҷаро. ҳассос, печидагиҳои

сиёсӣ, иқтисодӣ ва тамаддунии халқи тоҷикро фаро

гирифтааст. Хусусиятҳои хоси ин давраи таърихи халқи

тоҷикро амали назарияи пролетарии имконияти сохтмони

сотсиализм дар мамлакати аз ҷиҳати иқтисодӣ, фарҳангӣ ва

сиёсӣ қафомонда (ба мисли Тоҷикистони ибтидои асри XX)

ташкил медиҳад, яъне хонандагон дар синфҳои 8 ва 9 - иттилоъ

пайдо карда буданд. ки тоҷикон аз асри ХП1 сар карда,

дар сари қудрат (давлат) набуданд. Дар ҳоле, ки бис-ёр

халқҳои ҷаҳон дар Аврупо ва Осиё давлатҳои мутамаддин

таъсис дода, иқтисодиёту фарҳанги онҳо аз тоҷикон ба садсолаҳо

пеш рафта буд. То соли 1918 тоҷикон дар ҳайати ҳукуматҳои

бегонапарасту ғосиб (Бухоро. Афғонистон, Русия)

буданд. Сулолаҳои ҳукмрони ин давлатҳо турку (манғиту)

афғонӣ (паштунӣ) буданд. Ин китоб хонандаро ба равандҳои

таъсисёбии давлатҳои миллии тоҷикон РАСС Тоҷикистон.

РСС Тоҷикистон ва Тоҷикистони солҳои 1917-1945

ва инчунин ба таърихи мухтасари онҳо ошно месозад. Аҷоиботи

дигар он ки таърихчиёну сиёсатмадорони даврони

шӯравй, барои хизмати инқилобҳои солҳои 1917 ва 1920-ро

нишон додан бо овози баланд ҷор заданд, ки тоҷикон баъди

ҳазор соли бедавлат мондан акнун дар даврони шӯравӣ

соҳибдавлат гардиданд. Вале хомӯш аз он ки ҳамеша забони

давлатии ҳукуматҳои туркию паштунии Бухорою Кӯқанд ва

Афғонистон тоҷикию дарӣ буд. Қисмати дигари тоҷикони

дар Эрону (Хуросон, Систон, Мозандарон) Чин зиндагӣ

мекардагӣ умуман фаромӯш гардида буданд. Дар асри XX

таърихи давлатдории тоҷиконро фақат дар ҳудудҳои Русия

ва мустамликаи он Бухоро ба назар гирифтанду халос. Аз

ин рӯ. дар матни ин китоб аз боби барои чӣ ин тавр ранг

гирифтани масъала ҳам сухан меравад.

Мавзӯи ҳар як даре дар фаслу бобҳо мушаххас оварда

шудааст, ки омӯзгорро аз ҷустуҷӯйи мавзӯи дарсӣ озод мекунад.

Ҳар як дарс бо мавзӯъчаҳо ва саволҳои пурсишу мустаҳкамкунӣ

таъмин аст. Маводди ин китоб, ки барои муассисаҳои

таҳсилоти умумӣ, литсею гимназияҳо пешниҳод

шудааст, аз камбудиҳо орӣ нест. Аз ин рӯ, муаллиф фикру

андеша ва пешниҳоди ҳамаи онҳоеро, ки барои пуррагӣ ва

беҳбудии китоб равона шудааст, бо мамнуният қабул хоҳад

кард.

更多应用信息

最新版本

1.0

上传者

زهرة الحياة

系统要求

Android 4.0+

举报

举报不当内容

更多

下载 APKPure App

可在安卓获取Таърихи халки точик (синфи 10)的历史版本

下载

下载 APKPure App

可在安卓获取Таърихи халки точик (синфи 10)的历史版本

下载

Таърихи халки точик (синфи 10)相关应用

Китобхои фаннии точики 开发者的更多应用

最新发现