Омузиши Хадис

(Омӯзиши Ҳадис Точики)

1.0 by Китобхои Исломи
2017年10月21日

关于Омузиши Хадис

Dasturtalimӣ气压navrason Uloom WAnavomўzoniislomӣ

Шод бигардонад Худованд шахсеро, ки аз мо чизе шунида ҳифз намудааст, то онро ба дигарон бирасонад, чӣ бисёр аст шахсе, ки донише шунида ва онро ба шахси огоҳтаре мерасонад ва ҳамчунин бисёранд афроди донишшунав, ки олим ва огоҳ нестанд.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Тамоми уламои уммати исломи бар ин иҷмоъ ва иттифоқ намудаанд, ки масдари дуввуми шариъати Ислом Суннати набавӣмебошад ва он бо масдари аввал (Қуръони карим) тавъам дар тавзеҳ ва такмили қавонини исломӣнақши муассирро ифо менамояд.

Балки мусалмонон ҳангоми сар задани ихтилофот миёни якдигар аз тарафи Худованд маъмур шудаанд, ки ба Қуръон ва Суннати Расули акрам (с) муроҷиат намоянд, то файсалаҳои ҳикматомез ва посухҳои кофӣбарои мушкилоти хеш пайдо намоянд.

Мутаассифона, дар ду-се қарни охир дар Осиёи Маразӣба илми ҳадис, мусталаҳи он ва илми тахриҷи ҳадис ва ровиёну риҷоли он таваҷҷўҳи кам маътуф шудааст. Ин боиси он шуд, ки мусалмонон ба илмҳои дуввуминдараҷа, чун ҳикмат, фалсафа, мантиқ ва ғайра фурў рафтанд ва ба ду масдари муҳими Ислом (Қуръон ва Ҳадис) иҳтимоми хуб надоданд ва майдони омўзиш ва ковиши илми исломии эшон ба масоили ихтилофии фиқҳ ва илми калому мантиқ мунҳасир гардида буд.

Дар рўзгори толибилмони имрўза ҳам осори манфии он падидаи номатлубро эҳсос мекунем ва мебинем, ки ба ҳадис ва омўзишу баррасии он ҳамчун илм иҳтимом ва бархўрди зарурӣнаменамоянд.

Бинобар ин, вақте банда китоби ҳозир “Омўзиши ҳадис”-ро дидам, ҳарчанд он муъҷаз ва мухтасар бошад ҳам, вале як гоме ба ҳадисомўзӣва бардошти маъонӣва аҳкоми аҳодис маҳсуб мегардад ва метавонад дари

4

ҳадисшиносиро ба рўи донишҷўи улуми Ислом боз намояд.

Аз ин рў китоби мазкурро аз арабӣба тоҷикӣтарҷума карда, дастраси хонандагони гиромӣгардонидам, то онҳо аз он китоб як даромадгоҳе ба илми ҳадис пайдо намоянд ва ба тадриҷ ба китобҳои бузурги ҳадис ошно шуда, аз авомир ва таълимоти Паёмбари Худо (с) бохабар шаванд ва онро чун бузургони солиҳи уммати Ислом дар ҳаёту зиндагӣтатбиқ намоянд, то дар рўзи қиёмат ба шафоати он ҳазрат сазовор гардида бар лаби Ҳавзи Кавсари ў ҳамроҳи мўъминон парҳезгор ва боамал гирд омада аз шаҳдоби он сероб шаванд.

更多应用信息

最新版本

1.0

上传者

Aung Ko Ko Htike

系统要求

Android 4.0+

举报

举报不当内容

更多

下载 APKPure App

可在安卓获取Омузиши Хадис的历史版本

下载

下载 APKPure App

可在安卓获取Омузиши Хадис的历史版本

下载

Омузиши Хадис相关应用

Китобхои Исломи 开发者的更多应用

最新发现