We use cookies and other technologies on this website to enhance your user experience.
By clicking any link on this page you are giving your consent to our Privacy Policy and Cookies Policy.

关于Адабиети точик (синфи 5)

Adabieti tojik(兴富5)

Адабиёти бадеӣ асосан ду навъ мешавад: а) адабиёти

шифоҳӣ; б) адабиёти китобӣ. Дар ҷомеа аввал адабиёти шифоҳӣ-эҷодиёти

даҳанакии хадқ. яъне фодкдор вуҷуд дошт.

чунки хат набуд. Одамон ғаму шодӣ, орзую омоли хешро

даҳонӣ. бадоҳатан дар нақлу ривоятҳо. афсонаю асотирҳо.

суруду таронаҳо баён мекарданд. Ин гуфтаҳо ба авлодҳо аз

насл ба насл. аз аср ба аср мегузаштанд. такмил меёфтанд

ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста жанру намудҳои адабиёти шифоҳӣ

шакл мегирифтанд.

Баробари пайдоиши хат адабиёти китобӣ ҳам оғоз меёбад.

Шахсони босавод адабиёти шифоҳиро ҷамъ карда. ба

шакли китоб омода месохтанд. Бештари асарҳои халқӣ бо

ҳамин роҳ то замони мо расидаанд.

Адабиёти шифоҳӣ моли халқ аст. яъне соҳиби нақлу ривоят.

афсона. суруду таронаҳо мову шумо ҳастем. Имрӯз

низ халқ асар эҷод мекунад ва он эҷодиёт дар маҷмӯаҳои

дастҷамъӣ ба табъ мерасанд. Адабиёти китобӣ маҳсули

шахсони муайян аст. ки дар замону макони муайян зиндагӣ

карда. асар эҷод намудаанд. Масалан. устод Рӯдакиро гирем.

Ӯ дар соли 858 ба дунё омада. соли 941 вафот кардааст.

Ӯ қасидаҳои “Шикоят аз пирӣ”, “Модари май” ва асарҳои

дигарро офаридааст. Ин андешаро нисбати Восеъ ва нақлу

ривояту таронаҳое, ки дар ҳаққи ӯ гуфта шудаанд. баён карда

наметавонем. зеро нақлу ривоят ва суруду таронаҳоро

шахсони номаълум. яъне халқ. эҷод кардааст.

Адабиёти шифоҳӣ аз ҷиҳати забон ва тарзи баён ҳам аз

адабиёти китобӣ фарқ мекунад. Забони асарҳои халқӣ сода,

фаҳмо буда. мардум онро зуд қабул мекунанд. Ибораороӣ,

истифодаи калимаю ибораҳои душворфаҳм ва бегона дар

онҳо дида намешавад. вале дар адабиёти китобӣ зиёдтар ба

назар мерасад.

Дар забони асарҳои халқӣ лаҳҷаю шева бештар истифода

мешавад. Ҳатто як афсонаи халқиро мардуми ноҳияҳои

мухталиф бо лаҳҷаҳои худ накд мекунанд: ҳангоми ҳикояи

он ҳамон калимаю ибораҳои хоси маҳалли худро истифода

мебаранд. Аз ин хотир. агар ягон афсонаро намояндаи

як маҳал ба мардуми маҳалли дигар нақл кунад, фаҳмидани

забони он афсона барои онҳо каме душворӣ мекунад.

最新版本1.0更新日志

Last updated on 2018年09月12日

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

翻译中...

更多应用信息

最新版本

请求 Адабиети точик (синфи 5) 更新 1.0

上传者

Yudhan Hadianto

系统要求

Android 4.0+

更多

Адабиети точик (синфи 5) 屏幕截图

语言
订阅APKPure
第一时间获取热门安卓游戏应用的首发体验,最新资讯和玩法教程。
不,谢谢
订阅
订阅成功!
您已订阅APKPure。
订阅APKPure
第一时间获取热门安卓游戏应用的首发体验,最新资讯和玩法教程。
不,谢谢
订阅
成功!
您已订阅我们的邮件通知。