Use APKPure App
Get Панди Луқмони Ҳаким old version APK for Android
Панди Луқмони Ҳаким
«Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст».
Аз халқ
Дар офаридаҳои халқ, сарчашмаҳои илмию таърихӣ ва адабӣ симои номварони таърихӣ, воқеӣ ва хаёлӣ дучор меоянд, ки эшон бо амали хайр ё шарр шуҳрат ёфта, то рӯзгори муосир расидаанд.
Чунончи: Нӯшервони Одил, Бузургмеҳр, Намруд, Шадцод, Яъқуб, Юсуф, Нӯҳ, Искандар, Қорун, Ҳотами Той ва амсоли инҳо. Дар зимни қиёфаҳо қиссаҳои хаёлии аз тасвироти ирфонӣ бо обу ранги бадеӣ низ холӣ нест. Симои онҳо вобастаи шароиту талаби давру замонҳо маънидод шудааст.
Яке аз чунин ашхоси дар адабиёти хаттию шифоҳии ҷомеа машҳур Луқмони Ҳаким буда, ки шахсияташ то ҳанӯз норӯшан мондааст. Дар эҷоди халқ ҳикоёту ривоёти бешумор ба Луқмони Ҳаким мансуб дониста шудаанд. Ӯро табиби ҳозиқ, носеҳу хирадманд меноманд.
Доктори илми тиб Ю. Нуралиев, номзадҳои илми филология А. Девонақулов ва А. Боғбон аз шахсияти таърихии Луқмони Ҳаким бо мақолаи илмии ҳамкорона дарак дода буданд.[1]
Мардум роҷеъ ба шахсияти таърихии Луқмони Ҳаким - фарди қабл аз милод, тасаввуроти аниқу рӯшан надошта, Абӯалӣ ибни Сино ва ҳамчунин баъзе файласуфони Юнони қадимро ба Луқмони Ҳаким нисбат медиҳанд.
Алиакбари Деҳхудо оид ба Луқмони Ҳаким ва шонздаҳ нафар Луқмони дигар, ки ҳар яке олим, шоир, ҳаким, ҷомеашинос будаанд, аз сарчашмаҳои илмию адабӣ ва таърихӣ ҳуҷҷату далелҳои гувоҳидиҳанда ҷамъ карда, шахси таърихӣ будани Луқмони Ҳакимро ошкор намудааст.[2]
Симои Луқмони Ҳаким ҳамчун шахс дар осори илмию таърихӣ ва адабию гуфторҳои халқии Арабу Аҷам интишор ёфта, қабл аз милод то ин замон ворид гардидааст. Алалхусус Алиакбари Деҳхудо дар асари машҳураш «Луғатнома» овардааст: «Луқмон - номи марди ҳаким, ки бино ба ривояти исломӣ аслаш «ҳабашӣ» буда, дар рӯзгори Довуд пайғамбар мезистааст ва дар «Қуръон» зикри вай омадааст». Ҳабашӣ будани Луқмонро Саъдӣ фармудааст:
Шунидам, ки Луқмон сияҳфом буд,
На танпарвару нозукандом буд.
Ба замми ин Алиакбари Деҳхудо дар зимни маълумот оид ба Луқмон аз осори бузургони адабиёт гуфтаҳои назмию насрӣ овардааст:
Куҷост Осаф бини Бархиёву ку Луқмон?
Куҷост Хоҷа Абузарҷамеҳри некахтар?
Носири Хусрав
Last updated on Oct 19, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Uploaded by
Che Che Gevara
Requires Android
Android 4.0+
Category
Report
Панди Луқмони Ҳаким
1.2 by some simpe
Oct 19, 2018